LIVE

Қуръакашии чемпионати Тоҷикистон-2022 баргузор гардид

Имрӯз, 2-юми март, дар Кохи Парфенони шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ-2022  баргузор шуд. 
Дар мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон даҳ даста иштирок мекунад - 
«Истиқлол», КМВА (ҳарду аз  Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод).
Мавсими нави Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон расо як моҳ пас санаи 2-юми апрел ва бо тарҳи нав роҳандозӣ мегардад. Дар қисми аввали мавсим ҳамаи даҳ дастаҳо дар ду марҳила бозиҳоро анҷом медиҳанд. Дар қисми дуюми мавсим дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Панҷ дастаи пешсафи қисмати аввали мусобиқа ба гурӯҳи “А” дохил шуда, барои ишғоли зинаҳои 1-5 дар як марҳила мубориза мебаранд. Панҷ дастаи дигар бошад дар гурӯҳи “Б” инчунин дар як марҳила бозӣ карда, барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ талош хоҳанд кард. Ду дастаи зинаҳои 9-ум ва 10-ум тарки Лигаи олӣ карда, дар мавсими навбатӣ дар Лигаи аввал баромад хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ ҳар даста 22 дидор анҷом медиҳад. 
Вобаста ба рақамҳои тартибӣ, ки зимни қуръакашӣ бароварда шуданд, тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон тартиб дода мешавад. 
Тибқи системаи Бергер, дар даври аввали Лигаи олӣ санаи 2-3 апрел бозиҳои зайл баргузор мегарданд: 
«Эсхата» – «Хуҷанд»
«Файзканд» – «Истаравшан»
«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб)
«Истиқлол» – КМВА
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив