Директори варзишии бошгоҳи «Ювентус» Кристиано Ҷунтоли имконияти ивазкунии ҳамлавари «Наполи» Виктор Осимхенро бар ивази Душан Влахович баррасӣ мекунад, дар ин бора La Gazzetta dello Sport иттилоъ медиҳад. Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки футболбози сербӣ метавонад дар сурати тамдид накардани шартномаи корӣ, ки мӯҳлати он тобистони соли 2026 ба поён мерасад, дастаро тарк кунад.
Ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз таваҷҷуҳи Ҷунтоли нисбати футболбози нигериявӣ, сармураббии «бянконерҳо» Тиаго Мотта мехоҳад, ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Ҷошуа Зиркзее, ки қаблан дар “Болоня” Мотта мураббии ин бозигар буд, ба даста бипайвандад.
Мавсими ҷорӣ Осимхен дар дастаи «Галатасарой» тариқи иҷора бозӣ мекунад.