Ҳамлавари мунтахаби Сербия ва «Ювентус»-и туринӣ Душан Влахович ба доираи иштиёқи «Арсенал»-и Лондон шомил шудааст. Дар ин бора Todofichajes иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма «Арсенал» мехоҳад хати ҳамларо дар равзанаи зимистонаи трансферӣ пурқувват кунад. Бошгоҳи лондонӣ ният дорад, ки бо ҳамлавари сатҳи олӣ шартнома имзо намояд. Бо вуҷуди ин «канонирҳо» варианти эҳтимолии имзокунии шартнома бо ҳамлавари «Ювентус» Душан Влаховичро баррасӣ мекунанд. Қобили қайд аст, ки худи сербӣ омодаи иртибот бо тимҳо аз Англия мебошад.