LIVE

Футболбози 16 солаи қазоқ ба сафи “Челси” пайваст

Достон Сатпаеви 16-сола аз тими «Кайрат» , ки дар академияи «Челси» барои баррасӣ омада буд, аз имтиҳон гузашат ва ба ҳайати тими шаҳри Лондон ҳамроҳ шуд. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, арзиши ин интиқол аз дастаи “Кайрат”- и Алмаато 4 миллион евро аст, ки беш аз 2 миллиард тангаро ташкил медиҳад. Сатпаеви 16 сола бо дастаи “Челси” шартномаи панҷсола ба имзо мерасонад, ки бо имкони тамдиди он бо 18-солагиаш як соли дигар дароз карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Сатпаев ҷавонтарин футболбоз дар таърихи дастаи асосии «Кайрат» гардид. Дар лигаи ҷавонони Freedom QJ League (U-18) Сатпаев дар 12 бозӣ бо ҳисоби 19+7 гол зада, ҷоизаи муфидтарин бозигари мавсимро гирифт.
Дар Лигаи ҷавонони УЕФА (U-19) Достон Сатпаев дар 4 бозӣ омори 1+1 дорад. Ӯ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Қазоқистон (U-17) низ бозӣ кардааст. Сатпаев дар лигаи якум дар панҷ вохӯрӣ ба дарвозаи «Кайрат-Жастар» як гол зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив