LIVE

Хвича Кварасхелия ба сафи “ПСЖ” гузариш анҷом дод

Ниммуҳофизатгари гурҷии дастаи “Наполи” Хвича Кваратсхелия ба дастаи “Пари Сен-Жермен” гузариш кард. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.
Тибқи иттилои RMC Sport арзиши трансфер 70 миллион евро буда, шартномаи ҳамкорӣ ба муддати панҷ сол ба тасвиб расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Кваратсхелияи 23-сола аз тобистони соли 2022 дар тими “Наполи” бозӣ мекунад. Дар мавсими имсола Хвича дар ҳайати “Наполи” 5 гол ва 3 ирсоли голбахш анҷом додааст.
Сомонаи Transfermarkt арзиши футболбозро 85 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив