LIVE

“Краснодар” аз фурӯхтани бозингараш ба “Боруссия”-и Дортмунд даст кашидааст

Тибқи хабарҳои торнамоҳои расмии ба “РБК”-расида “Боруссия”-и Дормунд баҳри ба даст овардани нимҳимоятгари бошгоҳи футболи “Краснодар” Магомед-шапи Сулаймонов ба ҷониби “ҷанубиҳо” пешниҳоди гуфтушунид кардааст.
“Краснодар” бошад дар навбати худ новобаста аз пешниҳоди аз ҷиҳати молиявӣ муфиди ҷониби олмонӣ даст кашидааст.  Бошгоҳи олмонӣ баҳри харидории Сулаймонов зиёда аз 20 миллион евро пешниҳод  намудааст ва пешниҳоди чунин маблағ худи тобистон ба миён омадааст,вале “Краснодар” то ҳол ин бозингарро фурӯхтан намехоҳад. Маблағ инҷо нақши муҳим надорад. Онҷо мехоҳанд,ки Магомед-шапи рушди касбӣ намояд ва сипас бо сабабҳои муайян ба тими аврупоие гузариш намояд”-хабар медиҳад сарчашма.
Директори генералии “Краснодар” Владимир Хашиг бошад аз шарҳи чунин маълумотҳои пайдошуда даст кашид.
 Дар умум Магомед-шапи Сулаймонови 19-сола дар сафи “Краснодар” 70 бозӣ доир намуда, дар ҳамаи мусобиқаҳо зиёда аз 20 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив