LIVE

Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни бонувонро ҳакамӣ мекунад

Довари футзали ФИФА аз Тоҷикистон Сӯҳроб Сатторов барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона даъват шуд.
Сӯҳроб Сатторов бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзалро дар гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои занонаи Ӯзбекистон, Австралия, Туркманистон, Филиппин ва Қувайт доварӣ мекунад. Бозиҳо аз 11 то 19 январ дар Тошканд баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив