LIVE

Доварони Тоҷикистон дар бозиҳои КФО таъйиноти нав гирифтанд

Як зумра доварон аз Тоҷикистон барои доварӣ дар бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё таъйиноти нав гирифтанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Лайон Сити» (Сингапур) ва «Бангкок Юнайтед» (Тайланд)-ро, ки 20-уми сентябр дар Сингапур баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов аз Тоҷикистон кӯмак мекунанд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи ғарбӣ дар чаҳоргонаи «С» миёни бошгоҳҳои «Неҷмеҳ» (Лубнон) ва «Ал-Риффа» (Баҳрайн)-ро ҳакамӣ мекунанд. Вохӯрӣ 18 сентябр дар Манама баргузор мешавад. Ёварони Кабиров Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев дар мусобиқаи футболи 19-умин Бозиҳои осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 7-уми октябр дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин баргузор мешавад, кор хоҳанд кард. Ҳамчунин, ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова аз Тоҷикистон барои ҳакамии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ миёни бонувон даъват шудааст.
Суҳроб Сатторов, довари ФИФА низ барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал даъват шуд. Ӯ бозиҳоро дар гурӯҳи «А», ки дар он дастаҳои Тайланд, Чин, Туркманистон ва Ҳонконг баромад мекунанд, доварӣ мекунад. Марҳилаи интихобии гурӯҳи мазкур аз 7 то 11 октябр дар Бангкок баргузор мешавад.
Илова бар ин, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар фаъолият хоҳанд кард. Абдуллоев ба ҳайси фитнес-инструктор ва Гулмуроди Саъдулло ба ҳайси довари эҳтиётӣ кор мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив