Роҳбарияти “Реал Мадрид” тасмим гирифтааст, ки номи варзишгоҳи худ “Сантяго Бернабеу”-ро иваз кунад.
Бино ба навиштаи Marca, номи варзишгоҳи хонагии даста аз шаҳри Мадрид содда карда мешавад – ин ҳам танҳо Бернабеу бидуни Сантяго номгузорӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки тағйири номи варзишгоҳ марбут ба далелҳои тиҷоратӣ аст.
«Реал Мадрид» айни ҳол дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионати Испания қарор дошта, зердастони Карло Анчелотти пас аз 18 давр 40 имтиёз доранд. «Атлетико Мадрид» бошад бо 41 имтиёз пешсафи ҷадвал аст.
Дар бозии навбатӣ “Лос-Бланкос” дар чемпионати Испания бо «Валенсия» бозӣ мекунад, ва ин рақобат рӯзи ҷумъаи 3-юми январ баргузор мешавад.