LIVE

“Реал Мадрид”-ро ғорат карданд

Субҳи имрӯз мағозаи брендии “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” ғорат карда шуд. Дар ин бора Marca хабар додааст. Соати 6 -и субҳ ба вақти маҳаллӣ, як гурӯҳи ҷинояткорон бо мошини сабукрав дохили мағоза гардидаанд. Ғоратгарон се мошинро бо либос ва дигар лавозимоти мағоза пур карда, аз ҷой ҳодиса нопадид шуданд. Полис наворҳоро аз камераҳои назоратии варзишгоҳ меомӯзад, то мошинҳоро бо рақами давлатӣ муайян кунад. Ёдовар мешавем, ки айни замон варзишгоҳи Сантяго Бернабеу азнавсозӣ мешавад. Қарор аст, варзишгоҳ соли 2022 ба истифода дода шавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив