LIVE

«Реал» варзишгоҳи худро иваз кард

«Реал» Мадрид бозиҳои боқимондаи мавсимро дар варзишгоҳи хонагии худ «Сантяго Бернабеу» баргузор намекунад. 
“Мо ба хулосае омадем, ки бозиҳои худро дар варзишгоҳи ба номи „Алфредо Ди Стефано“ баргузор намоем.  Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки корҳои сохмтонӣ дар „Сантяго Бернабеу“ вусъати тоза пайдо намоянд” иқрор шудааст, президенти клуб - Флорентино Перес.
Ёдовар мешавем, ки майдони «Алфредо Ди Стефано» варзишгоҳи дастаи дуюм ё худ ҷавонони  «Реал» - «Кастиля» маҳсуб мешавад.  
Феълан «Реал» варзишгоҳи маъруфи «Сантяго Бернабеу»-ро азнавсозӣ мекунад. Бошгоҳи шоҳона корҳои сохтмониро бо вуҷуди хурӯҷи коронавирус идома медиҳад. 
Корҳои бозсозӣ дар варзишгоҳи мазкур 570 млн €-ро дарбар мегирад. 
Баъд аз таъмиру навсозӣ дар варзишгоҳ экрани бузург насб шуда, болопӯши ҳаракаткунандаро дарбар мегирад.  Ҷои нишаст дар варзишгоҳ низ зиёд карда мешавад. Санаи расмии анҷоми бозсозӣ моҳи октябри соли 2022 таъин шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив