LIVE

"Манчестер Сити" чор бозигари нав мехарад

Роҳбарияти «Манчестер Сити» барои дастгирии сармураббӣ Хосеп Гвардиола, ки аз мушкилоти кадрӣ дар дастаи «шаҳриҳо» шикоят карда буд, дар равзанаи зимистонаи трансферӣ бо чаҳор бозигар қарордод ба имзо мерасонад. Дар ин бора нашрияи бритониёии Daily Mail хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳ дар бораи даъвати нимҳимоятгари нави такягоҳӣ, ҳамлагари дуюм – нафари эҳтиётӣ барои Эрлинг Ҳоланд, дифоъгари марказӣ ва самти ростро баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи Гвардиола дар 11 бозии охир дар тамоми мусобиқаҳо ҳашт бохт дорад. «Манчестер Сити» дар 16 вохӯрӣ 27 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи панҷуми ҷадвали Премер Лигаи Англия қарор дорад. Дар Лигаи Чемпионҳои УЕФА бошад «шаҳриён» бо 8 имтиёз пас аз шаш бозӣ дар ҷои 22-юм қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив