LIVE

Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 дар фасли зимистон баргузор мешавад

Арабистони Саудӣ мизбони мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 мебошад. Мусобиқаи мазкур дар ин кишвар моҳи январ, яъне дар фасли зимистон на тобистон баргузор мешавад.
Ягона кишваре, ки барои мизбонии Ҷоми ҷаҳонии соли 2034 дархост пешниҳод кардааст, Арабистони Саудӣ аст. Тасдиқи расмӣ дар Конгресси ФИФА рӯзи 11 –уми декабр сурат мегирад.
Ба навиштаи Daily Mail, бо дарназардошти гармии тобистон дар Арабистони Саудӣ, эҳтимоли зиёд аст, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол на дар фасли зимистон баргузор шавад. Варианти оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол дар авоили моҳи январ баррасӣ мешавад, то ин мусобиқот ба санаҳои моҳи Рамазон мувофиқ наояд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар аз 20 –уми ноябр то 18-уми декабр баргузор шуда буд. Ин аввалин бор дар таърихи мусобиқа буд, ки дар тобистон доир нашуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив