LIVE

Аввалин нокомии Истиқлол дар мавсими имсола

Дар бозии даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" дар майдони худ аз "Регар ТадАЗ" шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи футболбозони Турсунзода анҷом ёфт. Нахустиншуда, Диловаршо Ғаниев дар дақиқаи 27-ум меҳмононро ба пеш баровард. Дар қисми дуюм Шерзод Маҳмадиев (66) тӯби дуюмро аз пеналтӣ ба самар расонид. Ягонро голи мизбонон ба капитани ин даста Аҳтам Назаров таалуқ дорад. Барои футболбозони шаҳри Душанбе дар мавсими имсолаи чемпионати Тоҷикистон ин бохти аввал аст. Онҳо 14 бозиро бо пирӯзӣ ҷамъбаст карда, дар се бозӣ натиҷаи муссовӣ ба даст овардаанд. Бо ин ғалаба "Регар ТадАЗ" бо касби 25-хол ба зинаи сеюм баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив