Мунтахаби Аргентина дар бозии сафари марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 бо ҳисоби 1-2 аз Парагвай шикаст хӯрд. Пеш аз ин бозӣ парагвайиҳо дар 10 бозӣ ҳамагӣ 4 гол зада буданд ва ин навбат бошад ба таври ногаҳонӣ чемпионҳои ҷаҳонро мағлуб карданд.
Муаллифи голи ягонаи аргентиниҳо Лаутаро Мартинес дар дақиқаи 11-ум буда, ду голи парагвайиҳоро бошад Антонио Санабрия (дақ.19-ум) ва Омар Алдерете (дақ.47-ум) ба самар расониданд.
Ҳарчанд аргентиниҳо 71% тӯбро идора мекарданд, танҳо як зарба ба сӯи ҳадаф доштанд. Бар заммин ин Аргентина то ҳол пешгоми ҷадвали гурӯҳӣ марҳилаи интихобӣ боқӣ мемонад.