Нашрияи испании Relevo хабар медиҳад, ки «Реал»-и Мадрид ва Винисиус Жуниор мӯҳлати шартномаи кории дуҷонибаро тамдид мекунанд. Аввалин марҳилаи гуфтушунидҳо аллакай миёни намояндагони бозигар ва бошгоҳ чанд моҳ пеш сурат гирифта буданд.
Ба гуфтаи манбаъ Винисиус ба имзои қарордоди нав шитоб намекунад, зеро мехоҳад лаҳзаи беҳтаринеро пайдо кунад, то созишномаи нав барояш аз ҷиҳати молиявӣ фоидаовар бошад.
“Тӯби тиллоӣ” дар соли 2024, ки баръакси бозигари бозигари бразилӣ ба Родри дода шуд, боиси он шуд, ки ҷонибҳо дар бораи созишномаи нав ба музокирот бароянд. Нисбати ин бозигари бразилӣ ҳамчунин тимҳои саудӣ низ таваҷҷӯҳ кардаанд.