Бошгоҳи испании “Реал Мадрид” беҳтарин бошгоҳи мавсими 2023/2024 эътироф гардид. Пас аз эълони натиҷа барандагон ба эълони ғолибони дигар гузаштанд, зеро ҳеҷ яке аз намояндагони “Лос Бланкос” дар маросим ҳузур надошта буд.
«Боруссия Дортмунд», «Жирона»-и Испания, «Байер Леверкузен» ва «Манчестер Сити»-и Англия низ аз тимҳои пешқадам буданд.
“Реал Мадрид” мавсими гузашта ғолиби Лигаи Чемпионҳо, Ла Лига ва Суперҷоми Испания шуда буд.
Қаблан маълумоте пайдо шуда буд, ки ҳеҷ яке аз намояндагони “Реал Мадрид” дар маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ” дар Париж ширкат намекунад. Ин тасмим вобаста ба он аст, ки бозигари бразилии ҷониби “Лос-Бланкос” Винисиус Ҷуниор ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» нагирифт.