«Манчестер Сити» соҳиби ҷоизаи бошгоҳи сол аз ҷониби рӯзномаи France Football гардид. Соли 2022 низ ин ҷоизаро «шаҳриҳо» гирифта буданд.
Мавсими қаблӣ бошгоҳ таҳти роҳбарии Хосеп Гвардиола ғолиби Лигаи чемпионҳо, Премер-лигаи Англия, Ҷоми Англия шуда буд. Мавсими ҷорӣ «шаҳриҳо» бо пирӯзӣ бар «Севиля»-и испанӣ тариқи силсилзарбаҳои пеналтӣ ба гирифтани Суперҷоми УЕФА даст ёфтанд.
Ҷоизаи беҳтарин бошгоҳ аз соли 2021 инҷониб тақдим гардида, маросими супоридани он дар якҷоягӣ бо тақдими «Тӯби тиллоӣ» доир мегардад. Ду сол пеш дорандаи ин ҷоиза «Челси»-и Лондон шуда буд.