Дарвозабони «Астон Вилла» ва мунтахаби Аргентина Эмилиано Мартинес беҳтарин дарвозабони соли қаблӣ эълон гардид. Ба аргентинии 31-сола ҷоизаи ба номи Лев Яшин тақдим карда шуд. Шомили сегонаи беҳтаринҳо тибқи натиҷаи овоздиҳӣ дарвозабони «Манчестер Сити» ва «Ал-Ҳилол» Эдерсон ва Яссин Боно шуданд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2022 Мартинес қаҳрамони ҷаҳон дар сафи мунтахаби Аргентина гардид. Дар рафти мусобиқа дастаи лотиниамрикоӣ дар ду силсилазарбаҳои пеналтӣ ба хотири наҷотҳои дарвозабонаш пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ҷоизаи Яшин аз соли 2019 тақдим шуда, маросими супоридани он дар якҷоягӣ бо тақдими «Тӯби тиллоӣ» доир мешавад.
Соли қаблӣ дорандаи ин ҷоиза Тибо Куртуа гардид, зинаи дуюмро Алисон Бекери бразилӣ аз «Ливерпул» ва мақоми сеюмро Эдерсон ишғол кард. Соли 2019 ин ҷоиза ба Алисон расид, соли 2020-ум ҷоиза тақдим нашуд ва соли 2021-ум ҷоизаи мазкур ба Ҷанлуиҷи Доннарумма супорида шуд.