LIVE

«Реал» дар маросими беҳтаринҳои ФИФА иштирок намекунад

Сармураббии дастаи «Реал Мадрид» Карло Анчелотти ва бозигарони даста ба маросими супурдани ҷоизаҳои беҳтаринҳои ФИФА намераванд.

Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди он ки Анчелотти барандаи ҷоизаи беҳтарин мураббии соли 2022 аст ва дар феҳристи довталабони ҷоизаҳои бонуфузи дигар як қатор бозигарони «Реал Мадрид» шомиланд, аммо намояндагони бошгоҳи «Реал» дар ин маросим иштирок намекунанд.

27-уми феврал дар Париж маросими супурдани ҷоизаҳои расмӣ сурат мегирад. «Реал Мадрид» боварӣ дорад, ки Тибо Куртуа, Винисиус Жуниор, Лука Модрич ва Карим Бензема бе ҷоиза мемонанд, зеро ба эҳтимоли зиёд Лионел Месси (ПСЖ) ва Эмилиано Мартинес («Астон Вилла») соҳиби ҷоизаҳои асосӣ мешаванд.

"Реал Мадрид" мехоҳад таваҷҷӯҳи худро ба бозиҳои Ла Лига, Ҷоми Испания ва Лигаи Чемпионҳо равона кунад, аммо тасмими ниҳоӣ дар бораи ширкат дар маросим пас аз бозӣ бо "Атлетико" дар рӯзи 25-уми феврал гирифта мешавад.

"Реал Мадрид" пирӯзии Аргентина дар Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар дарк мекунад, аммо аз он норозӣ аст, ки дастовардҳои Куртуа дар соли гузашта нодида гирифта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив