ФИФА дар сомонаи расмии худ рӯйхати довталабонро барои дарёфти ҷоизаи Ферентс Пушкаш, ки ба муаллифи зеботарин голи сол тақдим мегардад, нашр кард. Имсол барои ҷоизаи мазкур ҳамлагари тими миллии Чехия Патрик Шик, ки дар бозӣ бо Шотландия дар чаҳорчӯби Евро-2020 аз маркази майдон ба задани гол даст ёфт; футболбози “Порту” Меҳдӣ Тареми, ки дар Лигаи Чемпионҳо бо усули пуштнокӣ ба дарвозаи “Челси” гол зад ва бозигари “Тоттенҳэм” Эрик Ламела, ки дар даври 14-уми Премйер Лига дарвозаи “Арсенал”-ро рахна кард даъво доранд. Номи барандаи Ҷоизаи ба номи Ферентс Пушкаш рӯзи 17 январ дар маросими супурдани ҷоизаҳои ФИФА эълон мешавад.