LIVE

Маросими "The Best" кай доир мешавад?

ФИФА тафсилоти маросими ҷоизасупории ғолибони "The Best"-ро ошкор кард.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ФИФА чорабинии беҳтаринҳо 17 январи соли 2022 баргузор мешавад. Овоздиҳӣ 22 ноябр оғоз шуда, 10 декабри соли 2021 ба охир мерасад.
Маросими супурдани ҷоизаҳо дар Хонаи ФИФА дар Сюрихи Швейтсария баргузор мешавад. Барои риояи қоидаҳои бехатарӣ, созмондиҳандагон формати намоиши телевизионии виртуалиро интихоб карданд. Ғолибони футболи занон ва мардона дар як қатор категорияҳо, аз ҷумла беҳтарин бозигар, мураббӣ, дарвозабон ва ҷоизаи Пушкаш барои зеботарин гол муайян карда мешаванд. Соли 2020 Роберт Левандовски («Бавария») беҳтарин бозигари мард ва  Юрген Клопп беҳтарин мураббӣ  эътироф шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив