LIVE

FIFA номзади беҳтаринҳои солро номбар кард

   Федератсияи байналмилалии футбол ё худ  ФИФА сегонаи беҳтарин футболбоз, беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин сармураббии солро пешниҳод намуд. Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози соли 2020 ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ювентус» Криштиану Роналду, ҳамлагари мунтахаби Аргентина ва тими «Барселона» Лионел Месси ва форварди тими миллии Полша ва дастаи «Бавария» Роберт Левондовски мубориза хоҳад бурд. 
    Барои ҷоизаи беҳтарин дарвозабони соли 2020 дарвозабони “Атлетико Мадрид” ва мунтахаби Сербия Ян Облак,  дарвозабони мунтахаби Бразилия ва тими «Ливерпул» Алиссон Беккер, инчунин Мануэл Нойер дарвозабони “Бавария” ва тими миллии Олмон номзад гардидаанд. 
     Барои ҷоизаи беҳтарин сармураббии сол Марсело Бйелса сармураббии   «Лидс Юнайтед»,  Ханс-Дитер Флик сармураббии «Бавария» ва Юрген Клопп сармураббии «Ливерпул» довталаб ба ҳисоб мераванд. Маросими ҷоизасупории The Best-2020,   17-уми декабр баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив