LIVE

Халк - беҳтарин нишонзани “Атлетико Минейро” дар асри 21

Бозии даври шашуми чемпионати Бразилия ба охир расид, ки дар он «Атлетико Минейро» бар «Гремио»  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Муаллифи яке аз голҳо дар дастаи ғолиб форварди маъруфи бразилӣ Халк буд, ки қаблан дар тими “Зенит”-и Петербург ҳам бозӣ мекард.
Ба иттилои Globo Esporte, ба шарофати ин гол Халк беҳтарин нишонзани дастаи “Атлетико Минейро”-и Бразилия дар асри 21 гардид. Ҳамлагари 38-сола голи 113-уми худро дар ҳайати даста зад. Аз рӯи ин нишондод ӯ аз Диего Тарделли (112) пеш пеш гузашт.
Мавсими ҷорӣ Халк 41 бозӣ гузаронида, 18 гол ва 10 партофти головар дар номаш дорад.
Боиси ёдоварист, ки “Атлетико Минейро” дар масири 28 бозӣ 40 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионати Бразилия  қарор дорад. «Гремио» бошад бо 35 имтиёз дар зинаи 11-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив