LIVE

Халк ва Коста пас аз 50 сол "Минейро"-ро қаҳрамон карданд

Имрӯз, 3-юми декабр, «Атлетико Минейро» дар даври 32-юми Чемпионати Бразилия оид ба футбол бо «Баия» вохӯрд. Дар рафти вохӯрӣ «Баия» бо ҳисоби 2:0 пешқадам буд, вале голи ҳамлагар Халк ва дубли Кено ба «Атлетико Минейро» имкон дод, ки мавҷро тағйир диҳанд - 3:2.

Ду давр пеш аз анҷоми мусобиқот «Атлетико Минейро» 81 хол ба даст оварда, барои таъқибгарон дастнорас шуд. «Фламенго» (70)   се вохӯрии дигар доир мекунад. "Атлетико Минейро" бори дуюм дар таърихи худ қаҳрамони футболи Бразилия шуд. Чунин муваффакият бори аввал соли 1971  муяссар гардида буд. Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати даста ҳамлагари собиқи «Зенит» Ҳалк ва собиқ ҳамлагари «Челси» Диего Коста шомиланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив