LIVE

Диего Коста бозигари заифтарин клуби Сериаи А мешавад

Дастаи футболи «Салернитана»-и Италия бо ҳамлагари соҳибном Диего Коста шартнома мебандад. 
Пас аз футболбози фаронсавӣ - Франк Рибери, Коста дуюмин бозигаре мебошад, ки ба сафи ин тими футбол ҷалб мешавад. «Салернитана» феълан дар ҷадвали умумии Чемпионати Италия зинаи охиринро ишғол мекунад. Ҳамлагари 33 сола то охири мавсим дар Италия боқӣ мемонад. 
Охирин клуби Коста “Атлетико Минейро” буд ва дар ҳайати он аз моҳи августи соли 2021 то январи соли 2022 бозӣ кардааст. Дар ин муддат Диего бо дастаи мазкур соҳиби Ҷом ва қаҳрамонии Бразилия гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив