LIVE

Диего Коста тарки "Атлетико Минейро" намуд

Ҳамлагари испании "Атлетико Минейро" тарки даста намуд. Хабар дода мешавад, ки испанӣ бо хоҳиши худ шартномаашро қатъ кардааст. Бо вуҷуди ин, клуби Бразилия ба ӯ дар фаъолияти ояндааш барори кор орзу кардааст.

Қаблан маълум шуда буд, ки  «Арсенал» ба таври ғайрирасмӣ ба ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Ҳатто  «Кадис» ва «Элче»-и Испания мехоҳанд бо  ҳамлагар шартнома банданд.

Охирин клуби Коста, ки 33 сол дорад, "Атлетико Минейро" буд, ки дар он аз августи соли 2021 то январи соли 2022 бозӣ кардааст. Дар ин муддат Диего бо даста соҳиби Ҷом ва қаҳрамонии Бразилия гардид. Дар 19 бозӣ футболбоз ба задани панҷ гол ва як партофти головар баромад.

То январи соли 2021 ҳамлагари испанӣ дар ҳайати "Атлетико Мадрид" бозӣ мекард. Қаблан футболбоз дар дастаҳои «Челси», «Райо Валйекано», «Валядолид», «Албасете», «Селта», «Брага» ва «Пенафиэл» бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив