Сармураббии дастаи “Реал”-и Мадрид Карло Анчелотти дар чемпионати Испания аз рӯи силсилабозиҳои бебохт рекорди мураббигӣ гузошт. Ёдовар мешавем, ки бозии даври 7-уми Ла Лигаи Испания миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Алавес” бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мадридиён анҷом ёфт.
Испания - Примера. даври 7-ум
25 сентябри соли 2024, сешанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
Реал Мадрид 3:2 Алавес
1:0 Васкес – 1’ 2:0 Мбаппе – 40’ 3:0 Родриго – 48’ 3:1 Бенавидес – 85’ 3:2 Кике
Ба ин тартиб, мутахассиси итолиёвӣ ҳоло 39 бозӣ паиҳам бидуни шикаст боқӣ мемонад. Қаблан ин нишондоди рекордӣ ба мураббии «Реал Сосйедад» Алберто Ормаечеа тааллуқ дошта буд, ки дар замони ӯ “баскҳо” аз соли 1979 то 1980 паиҳам дар 38 бозӣ мағлуб нашуда буданд.
Боиси ёдоварист, ки силсилаи бебохти “Реал Мадрид” дуввумин тӯлонитарин дар таърихи Ла Лига аст. “Барселона” дорои рекорди иборат аз 43 бозӣ байни солҳои 2017 ва 2018 дорад, аммо дар ин давра мураббиёне ба мисли Луис Энрике ва Эрнесто Валверде бо даста кор мекарданд.