LIVE

Лукаку ба Лондон баргаштан намехоҳад

Ҳамлагари тими мунтахаби Белгия ва дастаи "Челси" Ромелу Лукаку дар тӯли 24 соат бозигари бошгоҳи "Наполи" хоҳад шуд.  Дар ин маврид рӯзноманигори машҳур Фабритсио Романо хабар медиҳад.
Ба иттилои сарчашма, намояндагони бошгоҳҳо дар давоми 24 соати наздик дар Лондон мулоқот карда, ҷузъиёти ниҳоӣ ва анҷоми ин трансферро баррасӣ мекунанд.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки гӯё "Челси" ба интиқоли Осимхон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст ва омода аст, Лукакуро ба созишномаи харидории ҳамлагари нигериявӣ шомил кунад. Аммо баъдан хабар дода шуд, ки дастаҳо дар бораи маблағи интиқол, ки ин мубодиларо ҳамроҳӣ мекунанд, ба мувофиқа расида натавонистанд.
Дар мавсими гузашта Лукаку дар ҳайати “Рома” ба ҳайси бозигари иҷоравӣ бозӣ кардааст. Вай дар 47 бозӣ дар ҳайати даста 21 голба ҳадаф расонида, 4 партофти головар анҷом додааст. Портали интернетии Transfermarkt арзиши ин ҳамлаварро 30 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив