Сармураббии дастаи «Реал Мадрид» Карло Анчелотти дар бораи натиҷаи бозии даври 1-уми Ла Лигаи Испания муқобили «Малйорка» (1:1) изҳори назар кард.
«Мо бозиро хуб оғоз кардем, пешсаф шудем ва метавонистем голи дуюмро занем. Дар нимаи дуюм ба мо мувозинат намерасид. Аз ин сабаб мо метавонистем мағлуб шавем. Ин беҳтарин бозӣ набуд. Мо бисёр ҳуҷум мекунем ва мувозинат дар ҳимоя хеле муҳим аст.
Имрӯз ман хурсанд нестам. Ман фикр мекунам, ки мо метавонистем хеле беҳтар бозӣ кунем. Ман ягон баҳона ҷустуҷӯ кардан намехоҳам. Мо бояд бештар кор мекардем ва худро беҳтар омода мекардем",- аз суханони Анчелотти иқтибос овардааст Marca.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлагари дастаи шаҳри Мадрид Родриго дар дақиқаи 13-ум ба задани гол даст ёфта ҳисоби бозиро кушод. Аз миёни мизбонон ҳамлагар Ведат Мурики дар дақиқаи 53-юм тавонист ҳисоби бозиро баробар кунад.