LIVE

"Спартак" баҳри бозигари "Галатасарой" 13 миллион евро пардохт мекунад

Гузариши трансферии вингери туркӣ Карим Актуркоғлу аз “Галатасарой” ба “Спартак”-и Маскав аллакай дар марҳилаи анҷомёбии хеш қарор дорад.  Маблағи ин муомилот метавонад 13 миллион евроро ташкил медиҳад, хабар медиҳад нашрияи туркии Milliyet.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Спартак» омода аст ба Карим солона 2,4 миллион евро пардохт кунад, ҳарчанд футболбоз дар аввал беш аз 3 миллион евро талаб карда буд.
Мӯҳлати шартномаим Актуркоғлу бо "Галатасарой" то моҳи июни соли 2026 мебошад. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози туркро 15 миллион евро арзёбӣ кардааст. Ӯ дар мавсими гузашта дар 54 бозӣ ширкат карда,   15 гол ва 9 партофти головар дар номаш дорад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз чаҳор даври Премер-лигаи Россия сурх-сафедҳо дар зинаи панҷуми ҷадвали чемпионат  қарор доранд. Чемпиони феълӣ «Зенит» бошад дар садри ҷадвал мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив