Ассотсиатсияи футболбозони касбӣ (PFA) дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) рӯйхати довталабонро барои гирифтани унвони беҳтарин бозигари ҷавони Англия дар мавсими 2023/2024 нашр кард.
Номзадҳо ба ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавон Алехандро Гарначо, Кобби Майну (ҳарду “Манчестер Юнайтед”), Майкл Олизе (“Кристал Пэлас”, ҳоло бозигари “Бавария”), Коул Палмер (“Челси”), Жоао Педро (“Брайтон”) ва Сака (“Арсенал”) мебошанд.
Номи ғолиб дар маросиме, ки 20 августи соли 2024 баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки охири мавсими 2022/2023 бозигари канории “Арсенал”-и Лондон Букайо Сака беҳтарин футболбози ҷавони Англия дониста шуд. Дар он сол довталабони дигари ин ҷоиза Габриэл Мартинелли («Арсенал»), Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»), Ҷейкоб Рэмзи («Астон Вилла»), Эван Фергюсон («Брайтон») ва Моизес Кайседо («Брайтон» ҳоло дар «Челси») буданд.