LIVE

Месси боз ҳам дар миёни номзадҳои асосӣ баҳри ҷоизаи The Best қарор дорад

ФИФА номи сегонаи беҳтаринҳоро баҳри номзадӣ дар гирифтани ҷоизаи бозигари соли 2023 –ро эълон кард.
Ба рӯйхати кӯтоҳи ҷоизаи The Best Эрлинг Холанд («Манчестер Сити» / мунтахаби Норвегия), Килиан Мбаппе («ПСЖ» / мунтахаби Фаронса) ва Лионел Месси («Интер Майами» / мунтахаби Аргентина) шомил шудаанд. 
Аз рӯйхати номзадҳо  номи Кевин де Брюйне («Манчестер Сити»), Бернарду Силва («Манчестер Сити»), Хвича Кварасхелия («Наполи»), Хулиан Алварес («Манчестер Сити»), Илкай Гюндоган ( «Манчестер Сити» / «Барселона»), Родри («Манчестер Сити»), Виктор Осимхен («Наполи»), Деклан Райс («Вест Хэм» / «Арсенал») ва Марсело Брозович («Интер» / «Аль-Наср») берун карда шуд.
Вақти тартибдиҳии рӯйхати мазкур баромади бозигарон аз даврони 19-уми декабри соли 2022 то  20-уми августи соли 2023 ба назар гирифта шуд. Ҳамин тариқ, дастовард дар   ҶҶ-2022 вақти муайян кардани ғолиб ба назар гирифта намешавад.
Нафари ғолиб дар маросими   ҷоизасупорӣ рӯзи 15-уми январ маълум мегардад. Соли қаблӣ ҷоизаи мазкур насиби Лионел Месси шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив