LIVE

Иштибоҳи трансферии “Барселона” ва рафтани бозигари ҷавон аз Каталония

Дар Испания “Барса” аз бепулӣ тамоман фаромӯшхотир шудааст ва як маврид аллакай эълон карда буд, ки   Жоау Феликс, Жоау Канселу ва Маркос Алонсо дар даста намемонанд. Вале дар мавриди рафтани ду Жоау хабарҳоро даррав аз сомонаҳо пок кард. Ин маънои онро дорад, ки ба нафари испанӣ ҷавоб, вале ду португалӣ ҳеҷ куҷо намераванд.  
Як кори дақиқе, ки “Барса” дар радифи гусел кардани Маркос Алонсо анҷом дода буд, ин албатта бепул ҷавоб додани Сержинйо Дест ба “ПСВ”-и Эйндховен буд.  “Барселона” танҳо ба гирифтани пулҳо дар сурати харидории такрории Дест қаноат мекунад.  “ПСВ” албатта, ки баъди чунин қарори Барса даррав оиди имзокунии шартнома бо дифоъгар ба мӯҳлати чорсола эълон намуд. Гуфта мешавад, ки   “ПСВ” аз ҳуқуқи харидории Дест бар ивази 11 млн евро бархӯрдор буд, вале вобаста ба ҷароҳати бозигар аз барояш пул масраф карданӣ нахост.     

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив