LIVE

Бозиҳои рӯз дар ТВ “Футбол”: Фаронса – Белгия, Португалия - Словения

Имрӯз, 1-уми июл, дар Чемпионати Аврупо-2024 дар Олмон ду бозии навбатии даври 1/8 финалӣ баргузор мешаванд. Мунтахаби Фаронса бо тими миллии Белгия бозӣ мекунад ва Словения   баҳри роҳ ёфтан ба даври чорякфиналӣ зидди тими миллии Португалия ба майдон меояд.
Рӯйхати бозиҳои 1/8 ниҳоии Евро-2024 рӯзи 1-уми июл (бо вақти Душанбе):
21:00. Фаронса - Белгия;
00:00. Португалия - Словения.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 30 июл, ду бозии даври 1/8 ниҳоии Чемпионати Аврупо-2024 баргузор шуданд. Нахуст Англия дар вақти изофӣ бар словакҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва баъдан Испания зидди Гурҷистон бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст овард. Инчунин, Швейтсария ва Олмон аллакай барояшон роҳхати даври 1/4-финалиро таъмин кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив