LIVE

Бозиҳои рӯз дар ТВ “Футбол”: Словакия – Руминия, Туркия - Чехия

Имрӯз, 26-уми июн, дар доираи 13-умин рӯзи бозӣ дар Чемпионати Аврупо-2024  баргузории чаҳор рақобат дар назар аст: аввал иштирокчиёни гурӯҳи «Е» бозиҳои худро анҷом медиҳанд: Словакия - Руминия, Украина - Белгия. Баъдан дастаҳои гурӯҳи «F» бозӣ хоҳанд кард: Чехия - Туркия, Гурҷистон - Португалия.
Рӯйхати бозиҳои Евро-2024 барои 26 июн дар ТВ “Футбол”:
Словакия - Руминия. 21:00 ба вақти Душанбе;
Чехия - Туркия. 00:00 ба вақти Душанбе;
Бозиҳои дигар:
Украина – Белгия. 21:00 ба вақти Душанбе;
Гурҷистон – Португалия. 00:00 бо вақти Душанбе.
Бозиҳои мусобиқаро 10 варзишгоҳи 10 шаҳри кишвари Олмон баргузор мекунанд. Чемпионати қитъавӣ расо як моҳ — то 14-уми июл давом мекунад.  
Ғолиби феълии қаҳрамонии Аврупо тими Итолия аст, ки дар бозии ниҳоии Евро-2020 дар варзишгоҳи Уэмблии шаҳри Лондон бар тими миллии Англия пирӯз шуд. Тақдири он финал дар серияи пеналтӣ ҳал шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив