Имрӯз, 18-уми июн дар доираи рӯзи панҷуми бозии Чемпионати Аврупо-2024 ду рақобати марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешаванд: нахуст мунтахабҳои Туркия ва Гурҷистон ба майдон мебароянд ва баъдан Португалия ва Чехия бозии аввалро анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин чаҳор даста шомили гурӯҳи “F” мебошанд.
Бозиҳои Евро-2024 дар рӯзи 18-уми июн:
Туркия - Гурҷистон. Соати 21-00 ба вақти Душанбе.
Португалия - Чехия. Соати 00:00 ба вақти Душанбе.
Бозиҳои мусобиқаи аврупоиро 10 варзишгоҳи 10 шаҳри Олмон мизбонӣ мекунанд. Чемпионати қитъавӣ расо як моҳ — то 14-уми июл давом мекунад.
Ғолиби феълии қаҳрамонии Аврупо мунтахаби Италия аст, ки дар бозии ниҳоии Евро-2020 дар варзишгоҳи Уэмбли Лондон бар тими миллии Англия пирӯз шуда буд. Тақдири он бозии финалӣ дар силсилазарбаҳои пеналтӣ ҳал шуда буд.