LIVE

Рустам Ятимов ба бошгоҳи «Ростов» гузариш анҷом дод

Дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов фаъолияти бозингарии худро дар премер-лигаи Русия двр ҳайати дастаи «Ростов» идома медиҳад.
Клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи Лигаи Бартари Русия КФ «Ростов» созишнома дар бораи гузариши дарвозабон Рустам Ятимовро ба дастаи Валерий Карпин ба имзо расониданд. 
Маблағи гузариши   дарвозабон ба тими «Ростов» зиёда аз 250 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисеркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Дар якҷоягӣ бо даста ба марҳилаи 1/8 финали Лигаи чемпионҳои КФО-2021 роҳхат гирифта буд.   Дарвозабони асосии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон мебошад.
Беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2023.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив