LIVE

Рустам Ятимов беҳтарин футболбози финали Ҷоми Тоҷикистон-2019

Дарвозабони 21 солаи бошгоҳи футболи “Истиқлол” - Рустам Ятимов беҳтарин футболбози финали Ҷоми Тоҷикистон-2019 эълон шуд. Вақти асосии бозӣ байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра бошад, футболбозони душанбегӣ бо натиҷаи 4:2 дастболо шуда, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2019 гардиданд. 
Дарвозабони “Истиқлол”  Рустам Ятимов дар рафти бозии мазкур дарвозаашро аз як чанд ҳолатҳои хуби голзанӣ эмин нигоҳ дошт. Дар силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра бошад, зарбаи футболбози «Регар-ТадАЗ» - Шерзод Маҳамадиевро баргардонид. 
Инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ Ятимов бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив