LIVE

"Ростов" ба дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад

Дастаи "Ростов"-и Россия дар равзанаи зимистонаи хариду фурӯши футболбозон имкони ба даст овардани дарвозабони тими миллипӯшони кишвар - Рустам Ятимовро дошт.
Тибқи иттилои Metaratings.ru бошгоҳи "Ростов" зимистони гузашта ба дарвозабони 21-солаи тоҷик таваҷҷӯҳ дошт.
Худи Ятимов розӣ буд, ки ба "Ростов" гузарад, аммо гузариш дар лаҳзаҳои охир бо сабабҳои номаълум лағв шуд. Аммо чанде аз сарчашмаҳо сабаби ба вуқуъ напайвастани гузариши мазкурро дар ҷароҳат бардоштани дарвозабони сербистонии "бошгоҳи пойтахт" - Никола Стошич мебинанд. Чун "Истиқлол" ин мавсим дар Ҷоми АФК ҳунарнамоӣ хоҳад кард ва бошгоҳ дар назди худ мақсадҳои бениҳоят ҷиддиро гузоштааст.
Ятимов зодаи шаҳри "Нижний Новгород"-и ФР буда, фаъолияти футболбозияшро низ дар тими "Нижний Новгород" оғоз намудааст. Аммо дар соли 2016 даста пароканда шуд.
Аз соли 2018 то инҷониб Ятимов дарвозаи дастаи "Истиқлол"-и Душанберо ҳимоя мекунад ва аз соли 2019 узви тими миллии Тоҷикистон аст. Бешубҳа тайи якчанд бозиҳои охири мунтахаб зери роҳбарии Усмон Тошев ҳамчун дарвозабони асосӣ ба кор бурда мешавад.
Ин мавсим Рустам бо "Истиқлол" дар Чемпионати Тоҷикистон се бозӣ гузаронид, ки дар 2 тои он ғалаба ба даст оварда, як дидори дигарро бо мусовӣ ҷамъбаст кард.
Сарчашма: https://metaratings.tj/news/rostov-zimoy-byl-blizok-k-podpisaniyu-golkipera-sbornoy-tadzhikistana

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив