LIVE

Жоау Феликс боварӣ дорад, ки “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст меорад

Жоау  Феликс  ҳамлагари дастаи  «Атлетико Мадрид», ки мавсими гузаштаро ба тариқи иҷора дар «Барселона» гузаронидааст, бовар дорад, ки ӯ метавонад «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст орад.

Ҳама орзуи гирифтани «Тӯби тиллоӣ»-ро доранд. Ман фикр мекунам, ки барои гирифтани ҷоиза хислатҳои зарурӣ дорам. Албатта, барои такмил додани он ҳануз имкониятҳо мавҷуданд.

Бисёр чиз бояд рӯй диҳад. Ман 24 солаам. Шумо бояд сахт меҳнат кунед ва бовар кунед "гуфтааст  Феликс дар мусоҳиба бо лоиҳаи Nude.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта Феликс дар Ла Лига 30 бозӣ анҷом дода, 7 гол ва 3 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив