Жоау Феликс бо пероҳани "Челси" футбол бозӣ мекунад. "Челси" бозингари мунтахаби Португалияро то охири мавсим ба иҷора гирифт ва ҳуқуқи харидорӣ кардан надорад. Арзиши иҷора 11 миллион евро.
Ҳамзамон "Челси" 100% маоши Жоау Феликсро пардохт мекунад. Пеш аз гузаштан ба “Челси” Феликс шартномаашро бо “Атлетико” то соли 2027 тамдид кард.