LIVE

"Челси" Вернерро ба хонааш гусел мекунад

Гузариши ҳамлагари "Челси" - Тимо Вернер ба дастаи "РБ Лейптсиг" тасдиқи худро пайдо кард. 
Футболбози 26-солаи мунтахаби Олмон имрӯз ба дастаи собиқи худ бармегардад.
Хабар дода шуда буд, ки "Челси" Вернерро ба маблағи 30-35 миллион евро бо иловаи мукофотпулиҳо мефурӯшад.
Ҳамлагар аз соли 2016 то соли 2020 дар ҳайати «РБ Лейптмиг» бозӣ кардааст. Лонидониҳо ин ҳамлагари тими миллии олмонро ду сол қабл бо арзиши 53 млн евро харидорӣ карда буданд. Тимо Вернер бо пероҳани “Челси” 59 бозӣ анҷом дода, 9 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив