LIVE

Мане мегӯяд, дар интихоби “Тӯби тиллоӣ” нисбати африқоиҳо ноадолатӣ мекунанд

Ҳамлагари тими “Ливерпул” ва Сенегал Садио Мане бар ин назар аст, ки бозигарони африқоӣ ҳангоми овоздиҳӣ барои гирифтани “Тӯби тиллоӣ” беадолатона нодида мегиранд.
Оё африқоиҳо дар ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" нодида гирифта мешаванд? Ин дуруст аст. Бачаҳо, агар шумо дар ин бора гап занед, пас ман чӣ гуфта метавонам? Ин ҳолат аламовар аст. Пас аз Ҷорҷ Веа ҳеҷ як бозигари африқоӣ соҳиби «Тӯби тиллоӣ» нашудааст. Ин бешубҳа моро рӯҳафтода месозад. 
Ҷоми Миллатҳои Африқо барои ман яке аз муҳимтарин ҷомҳост, ки ман дар ҳаёти худ ба даст овардаам. Дар ҳайати "Ливерпул" талош мекунам то ғолиби Лигаи Чемпионҳо шавам, баъдан хоҳем дид, ки тақдири “Тӯби тиллоӣ” чӣ мешавад. 
Ман ҳам мисли даста, аз аввали мавсим ҳадаф доштам, ки ҳама ҷомҳоро ба даст орам. Мо аллакай ду бурд кардем, як ҷоизаро аз даст додем. Ғолиб шудан дар Лигаи Чемпионҳо чизи махсус аст, аз ин рӯ мо диққати худро ба он равона мекунем. Барои ман гирифтани «Тӯби тиллоӣ» ифтихори бузург аст. Ман хушбахттарин футболбози ҷаҳон мебудам, агар ин ҷоизаро ба даст меовардам" гуфтааст Мане.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив