LIVE

Cафаралӣ Каримов беҳтарин футболбоз ва Ҷурахон Мирзоев беҳтарин мураббии Лигаи якум дар моҳи май эълон шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Cафаралӣ Каримов беҳтарин футболбоз ва Ҷурахон Мирзоев беҳтарин мураббии Лигаи якум дар моҳи май эълон шуданд. 

Футболбози “Ҳулбук” Сафаралӣ Каримов беҳтарин бозигари моҳи май дар  Лигаи якум муайян гардид. Ӯ дар чор бозӣ ду гол ва ду партоби головар анҷом додааст. 

Беҳтарин мураббии моҳ инчунин намояндаи “Ҳулбук” Ҷурахон Мирзоев интихоб гардид. Зери роҳбарии ӯ даста дар чор бозии моҳ 12 имтиёз ба даст оварда, пешсафии мусобиқаро нигоҳ медорад. 

Ҷоизадорони Лигаи якум аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ ҳар кадоме қадрдонӣ мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив