LIVE

Месси дар ҳайати “Интер Майами” дар MLS рекорди нав гузошт

Шаби якшанбеи 2-юми  июн дастаи “Интер Майами”  бозии муқаррарии мавсими MLS-ро  бо тими “Сент Луис Сити”  анҷом дод. Ин бозӣ як дастоварди беназир барои ҳамлагар Лионел Месси буд.

Ҳамлагари аргентинӣ дар ин бозӣ гол ва ирсоли головар анҷом дод. Ҳамин  тариқ, Лионел Месси аллакай дар MLS 25 гол задааст. Барои ин ба ӯ ҳамагӣ 12 бозӣ лозим буд, ки ин рекорди мутлақ дар лига аст. 

Рекорди қаблӣ ба собиқ ситораи “Арсенал”  Карлос Вели рабт дошт. Соли 2019 ӯ дар “Лос-Анҷелес”  бозӣ кардааст ва барои задани 25 гол ба ӯ 16 бозӣ лозим буд.

Бозӣ  бо «Сент-Луис Сити» бо  ҳисоби 3:3 дуранг шуд. Ҳамаи чаҳор бозигари собиқи «Барселона», аз ҷумла Жорди Алба, Серхио Бускетс, Луис Суарес ва Лионел Месси дар ҳайати асосӣ вориди майдон шуданд ва  се нафари онҳо дар раванди бозӣ  амалҳои муассир ба даст оварданд.

Бо ин натиҷа, “Интер Майами”  то ҳол дар конфронси шарқии MLS бо 35 хол пешсаф аст, аммо “Синсиннати”  дар сурати пирӯзӣ дар ду бозии боқимондаи худ метавонад, ки ба зинаи аввал барояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив