LIVE

«Лестер» баъди як мавсим дубора ба ПЛА баргашт

«Лестер» тибқи натиҷагарии мавсими сезона-2023/24 дар Чемпионшип ба Премер-лигаи Англия бармегардад.
«Рубаҳон» ҳадди аққал зинаи 2-юмро баъди бохти «Лидс» аз «Куинз Парк Рейнҷерс» (0:4) дар даври сипаришуда барояшон кафолат доданд. Дастаи  Энсо Марески бо бартарии чорхола аз «Лидс» садрнишини ҷадвал аст. Бо вуҷуди ин «Лестер» бозии даври 45-уми сафарии хешро зидди «Престон» дар сафар доир мекунад.
«Ипсвич», ки дар зинаи сеюм қарор дорад, як бозӣ аз «Лестер» камтар гузаронидааст ва аз ин даста 5 хол камтар дорад. Ҳамин тариқ, «тракторчиён» имкони математикии ишғоли зинаи аввалро доранд.
Ёдовар мешавем, ки   «Лестер» ба Премер-лига баъди як сол баргашт. «Рубаҳон» баъди анҷоми мавсими-2022/23 бо ишғоли зинаи  18-ум  ПЛА-ро тарк карда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив