LIVE

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА ширкат меварзад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи рушди УЕФА, ки аз 23 то 28 апрел дар Беларус баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Дар Минск мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон (23 апрел), Беларус (25 апрел) ва Озарбойҷон (28 апрел) бозӣ мекунад.
Мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи майдонҳои футболи Федератсияи футболи Беларус доир мегарданд.
🏆 Мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск 
⚽️ Даври 1-ум
📅 23-юми апрел (сешанбе)
⌚️ 17:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
⌚️ 20:00 – 🇧🇾 Белоруссия – 🇦🇿 Озарбойҷон
⚽️ Даври 2-юм
📅 25-уми апрел  (панҷшанбе)
⌚️ 17:00 – 🇦🇿 Озарбойҷон – 🇺🇿 Ӯзбекистон
⌚️ 20:00 – 🇧🇾 Белоруссия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН 
⚽️ Даври 3-юм
📅 28-уми апрел  (якшанбе)
⌚️ 14:00 – 🇦🇿 Озарбойҷон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
⌚️ 17:00 – 🇧🇾 Белоруссия – 🇺🇿 Ӯзбекистон
❗️ Эзоҳ: вақти оғози бозӣ – ба вақти шаҳри Душанбе.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив