LIVE

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо Македонияи Шимолӣ бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ қарор дорад. Ин мусобиқа аз 3 то 8 май дар Скопйе баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Рақобатҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила гузаронда мешаванд. Имрӯз наврасони мо аввалин бозии худро бо дастаи Македонияи Шимолӣ доир мекунад. Оғози вохӯрӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
3 май (сешанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Косово – Гондурас
 
Даври 2
5 май (панҷшанбе)
19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово
 
Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – Македония – Гондурас
20:00 ТОҶИКИСТОН – Косово
 
Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив