LIVE

"Наполи" дифоъгарашро аз "Бавария" бозпас меорад

Бошгоҳи футболи “Наполи” ба чеҳраҳои шиноси собиқ диққат кардааст. Ба қавли нашрияи Il Mattino “Наполи” мехоҳад  Ким Мин Чжэро аз “Бавария” ба иҷора бигирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кореягироҳанӯз тобистон ба дастаи Мюнхен фурӯхта буданд.  Чӣ тавре Calcio Napoli 24 бо такя ба  Il Mattino хабар медиҳад, бошгоҳи итолиявӣ имконияти баргардонидани дифоъгарро баррасӣ мекунад. Неаполитаниҳо мехоҳанд пешниҳоди оиди гузариши бозигар тариқи иҷора намоянд, вале ин гузариш метавонад вобаста ба маоши баланди Ким амалӣ нашавад  – ӯ солона  8,5 миллион евро ба даст меорад. Футболбози мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ аслан бар ивази 50 миллион  евро тобистони соли гузашта ба “Бавария” гузариш анҷом дода буд. Дар доираи бозиҳои Бундеслига   21 бозӣ гузаронида, фурсатҳои ахир на ҳама вақт шомили ҳайати асосӣ мебошад. Маҳз ҳамин омил мумкин, ки раванди иҷораи бозигарро тезонида тавонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив